29 Август 2022 - 17:00
Коршиноси ӯзбак: Амрико талош мекунад дар Осиёи Марказӣ бимонад; Узбакистон гузинаи аввал барои мизбонӣ

Раиси Маркази ибтикороти мутолеотии «Маънӣ»-и Узбакистон гуфт, Амрико дар талош аст то дар Осиёи Марказӣ бимонад.

Бахтиёр Эргашов, раиси Маркази ибтикороти мутолеотии «Маънӣ» гуфт, ҳамкории Амрикову Узбакистон ҷанбаи иқтисодӣ надорад, балки бештар ҷанбаи геополитикӣ дорад.

Вай изҳор дошт, ҳаҷми сармоягузориҳои Амрико дар иқтисоди Узбакистон на танҳо ба унвони мисол бо Чин ва Русия, балки бо Туркия қобили муқоиса нест. Амрико ҳаргиз алоқаманд ба сармоягузорӣ дар иқтисоди Узбакистон набудааст. Бинобарин, вақте аз ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар суҳбат мекунанд, ҳамеша ин суол матраҳ мешавад, ки сари чӣ доду ситад хоҳед кард?!

Ин коршиноси ӯзбак идома дод, ҳамеша фосила монеи густариши ҳамкориҳост. Ҳар чӣ тавлидот ба бозор наздиктар бошад, суди бештаре дорад. Русия, Чин, Покистон, Ҳинд, Эрон ва Афғонистон аз лиҳози содироти маҳсулоти ӯзбакистонӣ ҷойгузине надоранд.

Ба ақидаи ин коршинос, Амрико тарҷеҳ медиҳад аз тариқи барномаҳои ҷавонон ё Агентии байналмилалии USAID, ки акнун фаъолияти он бар тавсеаи энержии сабз мутамаркиз шудааст, ҳамкорӣ кунад.

 

342/